Тағйирот ба ду қонуни марбут ба терроризм
Душанбе, 6март. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Вакилони Маҷлиси намояндагон ба ду лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вобаста ба терроризм аст -лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ««Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» тағйирот ворид намуданд.Саттор Холов- вакили палатаи поёнии Парлумони мамлакат вобаста ба масъалаҳои мазкур дар назди вакилон гуфт, ки лоиҳаи ин қонунҳо бо мақсади иҷрои тавсияҳои Гуруҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул (ФАТФ) ва «Нақшаи чорабиниҳо оид ба мутобиқгардонии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсияҳои ФАТФ», ки аз сӯи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 11 июни соли 2011 тасдиқ гардидааст, таҳия ва пешниҳод шудааст.Зикр гардид, ки лоиҳаи ин қонунҳо бо назардошти пешниҳоди мутахассисони ФАТФ омода гашта ва қабули онҳо барои тақвияти низоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои уҳдадориҳои соҳавӣ аз рӯи нақшаи чорабиниҳо нигаронида шуда, ба Тоҷикистон имконияти хуби баланд бардоштани баҳогузории худро аз реҷаи «қатъӣ» ба реҷаи «муқаррарӣ» муҳайё хоҳад намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






