Зан ҳамзисташро кушт

Март 12, 2013 16:11

Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).- Шаҳрванди 38-солаи ноҳияи Фирдавсӣ— Якушева Наталя Александровна рӯзи 11 марти соли 2013, тахминан соати 21:00-дақиқа дар ҳолати мастӣ дар хонаи истиқоматии худ бо ҳамзисташ Ливитин Дмитрий Олегович, соли таваллудаш 1971, сокини ноҳияи Рӯдакӣ муноқиша намуда, сипас бо корд як маротиба ба қафаси сина ва бо зарфи шишагӣ се маротиба ба сари Ливитин задааст, ки дар натиҷа ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии кишвар иттилоъ дода, ҳамчунин афзудааст, ки Ливитин қаблан бо моддаи 200 қисми 4 КҶ ҶТ ба ҷавобгарӣ кашида шуда буд. Гуфта мешавад аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома доранд.

Март 12, 2013 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш