Қуръапартоӣ барои сафари ҳаҷ шаффоф буд?

Апрель 10, 2013 17:14

Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар толори «Филармонияи давлатии Тоҷикистон» барои ба даст овардани роҳхати «Ҳаҷ- 2013» барои сокинони ноҳияи Синои пойтахт қуръапартоӣ баргузор шуд. Тибқи мушоҳидаи хабарнигорони АМИТ«Ховар» қуръапартоӣ дар ҳузури раиси ноҳия Зафар Сафаров, масъулини Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои комиссия ва инчунин чандин нафар масъулони сохторҳои марбутаи кишвар ба таври шаффоф баргузор шуд. Ба рӯйхати ҳаҷравандагони имсолаи ин ноҳия нафарони 70-80 сола, ҳаҷравандагоне, ки солҳои пеш номашонро дар навбат гузоштаанд, бе навбат шомил шуданд (143 нафар), боқимонда 488 нафаре, ки номнавис шудаанд, барои 57 роҳхат қуръакашӣ намуданд. Зафар Сафаров, ки пешбарандаи ин ҷаласа буд, корро тарзе пеш бурд, ки нигароние вуҷуд надошт ва бо чанд нафаре, ки ҳамсуҳбат шудем, аз риоя шудани адолат ҳимоят мекарданд. Тибқи иттилои масъулини Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати кишвар, 2-сол мешавад, ки роҳбарияти ин ноҳия ҳаҷравандагонро ба таври қуръапартоӣ интихоб мекунанд, то тақаллубе дар миён набошад, ки ба гуфтаи вай ин яке аз ҳадафҳои Ҳукумати кишвар маҳсуб мешавад.  Ёдрас мекунем, ки имсол тибқи ҳисоботи раиси ноҳияи Сино 823 нафар сокини ин ноҳия барои сафари ҳаҷ хучат супорида ва танҳо 488 нафар асноди дуруст пешниҳод кардаанд.

Апрель 10, 2013 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид