Ҳаво кай офтобӣ мешавад?

Апрель 29, 2013 16:44

Душанбе, 29 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Шуруъ аз 1 то 3 май ҳаво дар ҷумҳурӣ бебориш ва офтобӣ боқӣ монда, ҳарорат батадриҷ то 20-25 дараҷа гарм мешавад», мегӯяд Парвина Саидҷамолова, мудири шуъбаи пешгӯии боду ҳавои Муассисаи давлатии обуҳавошиносии кишвар.  Мавсуф зикр кард, ки аз нимаи моҳи апрел инҷониб дар ҷумҳурӣ боронҳои кӯтоҳмуддат ва баъзан бошиддат борида, раъду барқ ба амал омад ва дар баъзе минтақаҳо жола низ борид, ки он хоси ҳавои баҳор буда, дар моҳи апрел ҳолати муқаррарист. Имрӯз. 29 апрел ҳарорати ҳаво дар вилояти Суғд шабона 4-6 дараҷа, рӯзона 12-14 дараҷа гарм, дар вилояти Хатлон шабона 8 -10 дараҷа, рӯзона 13-18 дараҷа гарм, дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон шабона 5 -10, рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе шабона 3 -5 дараҷа ва рӯзона 12-14 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мегардад. 4 -5 май ҳаво дар ҷумҳурӣ тағйир ёфта, боронҳои кӯтоҳмуддат меборад ва раъду барқ ба амал меояд, мегӯяд мутахассисси бахши ҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Апрель 29, 2013 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид