Ҷамъомади донишҷўёни тоҷик дар Анкара
Анқара, 29 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Дирўз дар сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия ҷамъомад оид ба тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Фаррух Шарипов, кормандони сафорат ва зиёда аз 50 нафар донишҷўи тоҷик, ки дар донишгоҳҳои мухталифи Туркия таҳсил мекунанд, иштирок карданд. Сафир зикр кард, ки дар Паёми навбатӣ Президенти кишвар самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро муайян ва мушаххас намуда дар бораи қарзи шаҳрвандии ҳар нафар оид ба донистани сиёсати дохиливу хориҷии кишвар таъкид намуд. Кормандони сафорат нуктаҳои муҳими самтҳои асосии Паёми сарвари давлатро тавзеҳ доданд, ки он соҳаҳои гуногуни сиёсати хориҷӣ, иқтисодиёт ва коммуникатсия, иҷтимоиёт, фарҳанг, маориф ва дигар самтҳоро дар бар гирифтааст. Донишҷўи Донишгоҳи техникии Ховари миёна (ODTU),бахши муносибатҳои байналхалқӣ Муҳаммадёр Самиев баъд аз ҷамъомад чунин иброз дошт: «Соли ҷорӣ дар мамлакати мо маъракаи интихоботи президентӣ баргузор мегардад ва кафолати Сарвари давлат перомуни ба таври демократӣ, шаффоф ва ошкор баргузор шудани интихоботи дар пеш истода хеле нуқтаи муҳим буд. Донишҷўи Донишгоҳи Селҷуки шаҳри Куния Бахтиёри Музаффар низ зикр кард, ки дар Паёми навбатии Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон яке аз масъалаҳои муҳимтарин тарбияи кадрҳои ҷавобгў ба стандартҳои байналмиллалии талаботи бозори меҳнатӣ буд. Дар шароити имрўза зарур аст, ки заминаҳои моддиву техникӣ ва имкониятҳои кадрӣ беҳтар шаванд. Таъкид шуд, ки ҳар сол дар мактабҳои олӣ ҳазорон нафар ҳуқуқшиносу иқтисодшиносон омода мешаванд, дар ҳоле ки Тоҷикистон имрӯз ба муҳандисону бинокорон, энергетику технологҳо, барномасозон ва табибони баландихтисоси сатҳи байналмилалӣ ниёзи бештар дорад. Мо донишҷўёне, ки берун аз кишвар таҳсил мекунем, баъд аз хатми донишгоҳ ба кишвари худ баргашта барои рушди он саҳм ва кўшиш мекунем». Донишҷўи факултаи рўзноманигории Донишгоҳи Эрҷиеси шаҳри Кайсар Муҳаммадҷон Таваров чунин иброз дошт: «Сарвари давлат дар Паеми навбатиаш дар бораи якчанд ҳадаф сухан кард, яке аз онҳое, ки диққати манро ҷалб кард, ин ҳадафи арҷгузорӣ ба эҳтироми забони давлатӣ, забони тоҷикист. Чӣ тавре ки бузургон гуфтаанд: Агар сесад забон донӣ, фузун нест, ҳамарўзе ба кор ояд, забун нест. Надонӣ гар забони миллати худ, пушаймонӣ надорад оқибат суд». Сафири Тоҷикистон дар Туркия Фаррух Шарипов ба тамоми донишҷўён муваффақият орзу карда, умедворӣ баён кард, ки баъд аз хатми донишгоҳ онҳо дар рушду инкишофи иқтисодиёти Тоҷикистон саҳмгузор хоҳанд шуд.








Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид






