Баррасии ҳамкориҳо бо Зеландияи Нав
Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мусоиди сармоягузорӣ муҳайё шудааст ва ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати сармоягузорӣ дар самтҳои афзалиятноки иқтисод як силсила имтиёзҳоро пешбинӣ намудааст», — иброз намуд вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода 8 апрел дар ҷараёни мулоқот бо сафири Зеландияи Нав дар Иттиҳоди Аврупо Вангелис Виталис. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо иттилоъ доданд, ки дар навбати худ Вангелис Виталис ба муносибати узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардидани Тоҷикистон таманниёти неку самимии худро баён дошт. Сипас роҷеъ ба дастгирии Тоҷикистон ҷиҳати интихоб гардидани вазири тиҷорати Зеландияи Нав ба мақоми директори генералии СУС изҳори хоҳиш намуд. «То имрӯз бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи СУС аз 9 кишвар (Гана, Коста-Рика, Индонезия, Зеландияи Нав, Кения, Иордания, Мексика, Кореяи Ҷанубӣ ва Бразилия), ки намояндаҳои хешро пешниҳод намудаанд, 6 давлати аъзо (Индонезия, Зеландияи Нав, Иордания, Мексика, Кореяи Ҷанубӣ ва Бразилия) ҷиҳати дастгирии номзадҳояшон ба мақоми директори генералии СУС муроҷиат намудаанд», — зикр намуд вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода ва афзуд, ки ин амал аз он шаҳодат медиҳад, ки аллакай ҷумҳурии мо дар СУС мақоми арзандаи худро пайдо намудааст. Ш.Раҳимзода таъкид намуд, ки намояндагони ҷумҳурии мо пас аз баррасии амиқи барномаҳои пешазинтихоботии муддаиёни ин мансаб ҳатман номзадеро, ки метавонад баҳри рушду равнақи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар байни кишварҳои аъзои СУС таҳаввулот ворид созад, ҷонибдорӣ менамоянд. Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ мубодилаи афкор намуданд.








Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид






