БМТ барои таҳсил дар Москав озмун эълон мекунад

Апрель 5, 2013 16:36

Душанбе, 5 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Маркази байналхалқии таълимию методӣ ва мониторинги молиявии шаҳри Маскав (МУМЦФМ) барои дохил шудан ба Донишкадаи амнияти молиявӣ ва иқтисодии Донишгоҳи миллии тадқиқоти ядроии Маскав (МИФИ) аз рӯи ихтисоси “Амнияти иттилоотии сохторҳои молиявӣ ва иқтисодӣ” (2-ҷой) барои соли хониши 2013-2014 озмун эълон менамояд. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти БМТ иттилоъ доданд, ки дар озмун метавонанд хатмкунандагони мактабҳо (литсейҳо, гимназияҳо)-и таҳсилоти ҳамагонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намоянд. Аз рӯи иттилои манбаъ, довталабон барои супоридани имтиҳонҳо дар шаҳри Москва танҳо баъд аз гузаштани суҳбати пешакӣ бо тарзи конфронси видеоӣ бо муаллимони донишкадаи номбурда аз фанҳои имтиҳонӣ роҳ дода мешаванд. Довталабон бояд аз фанҳои математика, физика, забони давлатӣ ва русӣ дониши амиқ ва баҳои “аъло” дошта, инчунин довталабон бояд шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд. Довталабоне, ки ба донишкада дохил мешаванд, уҳдадоранд баъди хатми донишкада ба Тоҷикистон баргашта, на камтар аз 5-сол дар Бонки миллии Тоҷикистон кор кунанд.

Апрель 5, 2013 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш