Дубай хоҳони ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аст
Душанбе, 4 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Чанде пеш дар шаҳри Душанбе раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид ва ноиби президенти Палатаи савдо ва саноати Дубай Ҳасан Алӣ Ҳошимӣ масоили рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Дубайро мавриди муҳокима қарор доданд.Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Шариф Саид дар ҷараёни мулоқот аз фаъолияти палата, нишондодҳои макроиқтисодии ҶТ ва самтҳои афзалиятноки иқтисодиёт нақл кард. Ҷонибҳо зикр намуданд, ки барои рушди ҳамкорӣ имкониятҳои зиёде мавҷуданд. Ҳар ду давлат бӯҳрони молиявиро бартараф намуда, Тоҷикистон 11 марти соли 2013 узви ваколатдори Созмони умумиҷаҳонии савдо гардид. Ҳасан Алӣ Ҳошимӣ дар мавриди захираҳои табиии Тоҷикистон сухан ронда, гуфт, ки Дубай хоҳони ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ҳамчунин имконияти доир намудани ҷаласаи аҳли тиҷорати ҳар ду кишвар дар шаҳри Душанбе мавриди муҳокима қарор гирифт. Шариф Саид пешниҳод намуд, ки дар рӯзҳои ин чорабинӣ дар шаҳри Дубай намоишгоҳ доир карда шавад.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






