Хизмат ба Ватан -вазифаи муқаддас
Рашт,16 апрел.(АМИТ «Ховар», Мирзосафар Ризвонов).- Даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини саривақтии нақшаи он дар ноҳияи Рашт дар сатҳи баланд қарор дорад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, комиссариати ҳарбӣ ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар ҳамкории зич пеш аз мавсими даъват дар байни аҳолӣ? бахусус ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ бурданд. Натиҷаи ҳамин буд, ки сафи ихтиёрон барои хизмат дар Артиши миллӣ нисбат ба соли гузашта бамаротиб афзуд.Дар маросими гусели сарбозони навхат, ки 51 нафарро ташкил медод раиси ноҳия Саидумрон Абдураҳмонов гуфт, ки ҳифзи марзу буми кишвар вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд маҳсуб меёбад. Ин мактаби ҳаёт, зиндагӣ, ҷасорат ва мардонагист. Биёед аз ин мактаби бузург наҳаросида, омодаи хизмат ба Ватан-модар бошем.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






