Иштирокдорони Бозиҳои олимпӣ Президентро табрик мегӯянд

Апрель 4, 2013 11:50

Душанбе, 4 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Ҷоизадорон ва иштирокчиёни Бозиҳои олимпӣ Расул Боқиев, Мавзуна Чориева, Дилшод Назаров, Анвар Юнусов, Искандари Рустам, Фарҳод Неъматов ва Алишер Гулов Президенти Кумитаи миллии Олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба хотири аз сари нав интихоб шуданаш ба ҳайси Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯянд. Аз ҷумла, дар табрикоти олимпичиён омадааст, ки маҳз дастгириҳои пайвастаи Эмомалӣ Раҳмон аст, ки солҳои охир ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таваҷҷуҳи хосса дода мешавад. Иншооти хурду миёна ва бузурги варзишӣ сохта шуда, варзишгарон дасттирӣ меёбанд.Ҳамин буд, ки бори нахуст 16 варзишгари тоҷик ба Бозиҳои олимпии Лондон — 2012 роҳхат гирифта, иштирокчии ин Бозиҳои сатҳи ҷаҳонӣ гардиданд. Бовар дорем, ки дар оянда таҳти роҳбарӣ ва дастгирии бевоситаи Президенти олимпичиёни тоҷик бо ғалабаҳои варзишиашон давлату миллати худро сарбаланд мекунанд. Дар ин хусус аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Апрель 4, 2013 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш