«Модерн» намудани мактаббачагон дар пойтахт
Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).- Имрӯз дар бинои Маркази равобити пойтахт Форуми мактаббачагони шаҳри Душанбе оид ба технологияи иттилоотӣ ва комуникатсионӣ баргузор гардид. Форуми мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи фарханги техникӣ, маданияти иттилоотии интернетӣ, оммафаҳмии технологияи иттилоотӣ, тарғиби имкониятҳои шабакаи Интернет дар рушди сатҳи донишу дараҷаи ҷаҳонбинии наврасон ва ҷавонон гузаронида мешавад. Дар форум Фарҳод Худоёров, муовини сардори раёсати маорифи шаҳри Душанбе гуфт: «Ин гуна форумҳо метавонанд барои баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинии наврасон оид ба технологияи замонавӣ ва азхудкунии барномаҳои компютерӣ мусоидат намоянд. Форум аз тарафи Маркази ТИК-и назди Раёсати маорифи шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии кулли ширкати «Телеком технолоҷи» дар шарикӣ бо Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шақри Душанбе ва Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе баргузор гашт. Асомиддин Шералиев, муовини директори муассисаи давлатии ТИК-и шаҳри Душанбе гуфт: «Ҳадаф аз баргузории ин форум баланд бардоштани сатҳи технологияи фарҳанги ҷавонон, гузариш ба низоми ҳукумати электронӣ, тайёр намудани мутахассисони ҷавон ва ҳамқадами замон будани давлати мо мебошад. Дар озмун 100 лоиҳа пешниҳод шуд, ки аз он 50- тояш баррасӣ шуда, ба 6 лоиҳаи бехтарин туҳфа супорида мешавад. Дар Форум олимону мутахассисони соҳаи технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, коршиносон ва намояндагони ВАО ширкат доштанд. Дар ҷамъбаси форум маҷмӯаи корҳои анҷомдодаи иштирокчиён нашр мешавад. Форуми наврасон бахшида ба Рӯзи пойтахт баргузор гардида, 17 апрел беҳтарин корҳои толибилмон дар маркази равобити пойтахт қадрдонӣ мешаванд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






