Пардохти нафақа ва дигар кўмакпулиҳо
Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Тавре ки аз Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, нақшаи ҷамъоварии андози иҷтимоӣ дар семоҳаи аввали соли 2013 ба андозаи 371549,0 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида буд. Мувофиқи таҳлилҳои пешакӣ дар ин муддат ба суратҳисоби агентӣ бо назардошти хароҷоти корхонаю муассисаҳо 366458,1 ҳазор сомонӣ, яъне 98,6 фоизи нақшаи пешбинишуда ворид гардид. Талабот барои пардохти нафақа ва дигар хароҷоти кўмакпулиҳо дар давраи ҳисоботӣ 357486,0 ҳазор сомониро ташкил додааст. Дар ин муддат аз ҷониби агентӣ барои пардохти нафақа 357486,0 ҳазор сомонӣ маблағғузорӣ гардид. Ба Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ҷиҳати маблағгузории самтҳои сиёсати шуғл дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 800,0 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.








Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид






