Равобити ҳасанаи Душанбею Деҳлӣ нерӯи тоза касб мекунад
Душанбе, 15 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Боздиди Шумо аз Тоҷикистон барои густариши ҳамкориҳои гуногунсоҳои Тоҷикистону Ҳиндустон такони ҷиддӣ хоҳад бахшид, бахусус дар равобити байнипарлумонӣ». Ин нуктаро Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ зимни мулоқот бо Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ-ноиби Президенти Ҳиндустон таъкид кард. Мусоҳибон маҷмӯи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар мавзӯоти мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро матраҳ намуданд. Шукурҷон Зуҳуров тавсеаи равобити Душанбе ва Деҳлиро дар бахшҳои сиёсию иқтисодӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парлумони он арзёбӣ кард. Ба масъалаи равобити байнипарлумонӣ дахл намуда, раиси палатаи поёнии Парлумони ҷумҳурӣ гуфт, ки сафарҳои ҳайатҳои парлумонии ду кишвар ба ҷумҳуриҳои якдигар, ки соли гузашта сурат гирифта буд, дар тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ нақши муассир гузоштанд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо доир ба тақвияти ҳамкориҳои ҳасанаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар бахшҳои энергетика, ҷалби сармоя, саноат, илм, фарҳанг, омӯзиши барномаҳои муосири компютерӣ ва соири масоили марбут ба тақвияти муносиботи Душанбею Деҳлӣ табодули назар намуданд. Зикр шуд, ки ҷониби Ҳиндустонро зарур аст, то дар масъалаи ҷалби сармоягузорони ҳиндӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон аз имкониятҳо истифода барад. Дар ин замина Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад, то тоҷирони ҳавасманди Ҳиндустонро ҷиҳати ҳамкорӣ ба Тоҷикистон даъват намояд.Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ -ноиби Президенти Ҳиндустон таъкид кард, ки аз раванди рў ба рушди муносиботи Ҳиндустон бо Тоҷикистон қаноатманд ва хостори густариши ҳарчи бештар дар бахшҳои мухталиф аст. Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ дар фарҷоми мулоқот аз Шукурҷон Зуҳуров даъват намуд, ки дар замони барояш муносиб аз Ҳиндустон боздид намояд.








Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид






