Тӯҳфаи Бунёди пушкинии «Классика» ба китобхонаи Қӯрғонтеппа
Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова). – Чанде пеш дар Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия маросими супурдани китобҳои Бунёди байналмилалии пушкинии «Классика» барои китобхонаи нави шаҳри Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора намояндаи расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Муҳаммад Эгамзод ба АМИТ «Ховар» хабар дод.Мувофиқи суханони манбаъ, дар ҷараёни ин маросим муовини раиси Бунёди байналмилалии пушкинии «Классика» Александр Панкратов қариб 200 китобу албомҳои Маркази нашриётии «Классика» — ро ба сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Абдулмаҷид Достиев супурд. Назар ба гуфтаи Муҳаммад Эгамзод, ба Тоҷикистон беш аз 60 номгӯйи китобу албомҳо ба маблағи беш аз 75 ҳазор рубл супурда шуд. Ин чорабинӣ дар доираи барномаи ташвиқу тарғиби забони русӣ дар кишварҳои аъзои ИДМ сурат гирифт.








Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид






