Туҳфа ба ғолибони пойга
Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар доираи баргузории аксияи «Насли созанда» бо дастгирии Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон -«Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд шанбегии умумивилоятӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои масъулин дар маркази вилоят 8700 нафар ва дар маҷмуъ дар миқёси вилоят 28300 нафар ба шанбегӣ баромаданд, ки далели ҷонибдории аҳли ҷомеа аз иқдоми ватандӯстонаи ҲХДТ ва «Созандагони Ватан» мебошад. Хусусан, хонандагони мактабҳо, донишҷӯёни мактабҳои олию миёнаи махсус, кумитаи маҳаллаҳо, аъзои ташкилотҳои ибтидоӣ, коргарони ташкилоту муассисаҳо ва хоҷагиҳои истифодабарии манзил хеле фаъол буданд. Инчунин чорабинии варзишии пойга, ки дар давоми чандин сол маротибаи нахустин доир гардид, ба муттаҳиду сарҷамъ шудани теъдоди зиёди варзишгарони ҷавон ва мухлисони ин намуди варзиш мусоидат намуд. Пойга аз назди гардишгоҳи биноҳои асосии таълимии ДДХ ва ДДҲБСТ оғоз ёфта, дар варзишгоҳи картингронӣ, воқеъ дар маҳаллаи 13-уми шаҳри Хуҷанд ба охир расид ва дар ҷамъбасти мусобиқа ба ғолибону иштирокчиёни фаъол туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Дар ин бора Адҳам Мирсаидов, раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» иттилоъ дод.








Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид






