Майори милитсия дар дави миллӣ соҳиби ҷойи намоён гардид

Май 20, 2013 08:35

Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонию варзиш дар шаҳри Душанбе Рӯзи дави миллӣ баргузор гардид. Дар дави миллӣ қариб 40 ҳазор шаҳрванд иштирок намуд. Хати дав аз маҳаллаи Чорбоғ оғоз ёфта, дар мавзеи Наврӯзгоҳ анҷом ёфт.Тарве ки сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар медиҳад, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ низ дар ин чорабинии муҳими варзишӣ фаъолона иштирок намуданд.Мавриди тазаккур аст, ки аз тарафи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 5-ҷойи аввал мукофот пешбинӣ гардида буд.Майори милитсия Сафархон Муродов, афсари қисми низомии 5453-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дави миллӣ дар масофаи 10 километр ба гирифтани ҷои чорум сазовор гардида, аз ҷониби Кумитаи мазкур бо мукофоти пулӣ сарфароз гардид. Ғолибони дави миллӣ бо туҳфаҳои шаҳрдории Душанбе низ сарфароз гардиданд.

Май 20, 2013 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш