Муҳимтарин ахбори ҷаҳон
Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Литва пас аз бо тайёраи хусусӣ ба Остона парвоз намудани Бируте Весайте—вазири иқтисоди ин кишвар фармони аз вазифа барканор шудани ӯро имзо кард. — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — Ҳудуди 130 нафар шаҳрванди Русия ва дигар давлатҳои ИДМ бо тайёраи Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия (МЧС) аз қаламрави Сурия берун ва ба Маскав оварда шуданд.- — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — Имрӯз дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид масоили марбут ба Сурияро баррасӣ мекунанд. — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — Дар пайи партофтани ду мушаки бесарнишини Амрико ба минтақаи аҳолинишини Чашмаи Покистон ҳудуди 4 нафар кушта ва чанд тани дигар захмӣ шудаанд. — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — Тибқи ҳисоби Хадамоти федералии омори давлатии Русия шумораи аҳолии қобили меҳнат дар ин кишвар боз то 5-12 миллион нафари дигар камтар мешавад. Тарҷумаи Баҳманёр Муродов








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






