Нишони тиллои Дилшод Назаров дар Бразилия

Май 16, 2013 11:57

Душанбе, 16 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- Гурзандози тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук аз силсилаи «IAAF World Challenge» дар шаҳри Белеми Бразилия медали тилло ба даст овард. Дилшод Назаров дар ин мусобиқа гурзро ба дурии 78 метру 49 сантиметр андохтааст. Дар ин мусобиқа Лукаш Мелих (Ҷумҳурии Чех) бо натиҷаи 77,49 м соҳиби медали нуқра ва Симон Сиолковски (Лаҳистон) бо натиҷаи 77,20 м барандаи медали биринҷӣ гардиданд.Ин мусобиқа бахше аз силсилаи сабқатҳои Ҷоми даъвати ҷаҳонии варзиши сабук — Grande Premio Brasil Caixa de Atletismo ба шумор меравад. Бояд гуфт, ки ин мусобиқа барои гурзандози тоҷик дар мавсими имсола дувум буд. Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров рӯзи 5-уми май дар мусобиқоти байналмилалии Seiko Golden Grand Prix дар Токиои Ҷопон бо натиҷаи 77 метру 61 сантиметр сазовори ҷои дувум шуда буд. Иттиҳодияи байналмилалии варзиши сабук мусобиқоти Grand Prix-ашро аз соли 2009 ба ин сӯ доир мекунад. Ҷоми даъвати ин иттиҳодияи варзишӣ дар маҷмӯъ аз 16 сабқат иборат аст.

Май 16, 2013 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд