Таҷлили Рӯзи Ҷумҳурии Озарбойҷон
Душанбе, 27 май. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова). – 28 май дар Озарбойҷон Рӯзи Ҷумҳурӣ таҷлил мешавад. Ба ин муносибат Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси қабул орост, ки дар он вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходимони намоёни фарҳанг ва илму маорифи кишвар, кормандони сохторҳои давлатӣ ва журналистон ширкат доштанд. Сафири Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Е.Аббосалӣ Каримоғлӯ Ҳасанов ба ҳозирон аз таърихи ин санаи фархундаи мардуми Озарбойҷон нақл кард. Вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ зимни суханрониаш дастовардҳои муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷонро қайд намуда, саҳми шахсии Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Каримоғлӯ Ҳасановро дар рушди ин муносибатҳо хотирнишон сохт. Мавсуф ҳамчунин ҳозиронро аз номи Ҳукумати Тоҷикистон бо ин санаи фарҳундаи таърихи халқи Озарбойҷон муборакбод намуд.








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд






