Омӯзиши танзими тарифи таъминоти оби нӯшокӣ ва фозилоб

Июнь 25, 2013 16:31

Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Бо ташаббуси Ташкилоти ҳамкории иқтисодӣ ва рушд дар шаҳри Душанбе барои кормандони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари таълимӣ дар мавзўи «Ташкили фаъолият ва системаи танзими тарифи корхонаҳои таъминоти оби нӯшокӣ ва фозилоб» баргузор гардид.  Дар кори семинар роҳбари Барномаи оби Шӯрои директорони ҳифзи табиати Ташкилоти ҳамкории иқтисодӣ ва рушд Ксавье Лефлев, роҳбари лоиҳаи оби Ташкилоти ҳамкории иқтисодӣ ва рушд Татяна Ефимова, директори самти «Хоҷагии шаҳр»-и Пажуҳишгоҳи иқтисодии шаҳр Федератсияи Россия Сергей Сиваев, сармутахассиси самти «Хоҷагии шаҳр»-и Пажуҳишгоҳи иқтисодии шаҳр Федератсияи Россия Алексей Радионов ширкат варзиданд. Сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ Ҳамдам Тағоймуродов ба ҳозирин дар бораи фаъолият ва системаи танзими тарифи корхонаҳои обтаъминкунӣ ва фозилоб дар Тоҷикистон ва муҳимияти нақши Хадамот дар соҳаи мазкур маълумот дод. Дар рафти семинар масъалаҳои таъминоти оби нўшокӣ ва фозилоб дар давлатҳои Аврупои Шарқӣ, Қавқоз ва Осиёи Миёна, модели ташкили фаъолияти комплекси таъминоти оби нўшокӣ ва фозилоб, модел ва усулҳои танзими тарифҳои корхонаҳои таъминоти оби нўшокӣ ва фозилоб баррасӣ гардиданд.

Июнь 25, 2013 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид