Таваҷҷуҳи ИМА ба конҳои унсурҳои кимиёвии Тоҷикистон

Июнь 12, 2013 10:28

Душанбе,12 июн. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- 11-уми июн сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати кишвар Азим Иброҳим бо мушовири Хадамоти геологии ИМА Марк Михаласка масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти инкишофи конҳои унсурҳои кимиёвии нодир,аз қабили лантан, иттрий ва дигар конҳои табиии Тоҷикистон барраси намуданд.
 
Тавре аз хадамоти матбуоти Саридораи геология хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки ҳамкорӣ ва марҳилаи аввали корҳои хулосабардорӣ ва натиҷагирӣ аз маводи бойгонӣ, инчунин интихоби объектҳои ояндаро дар асоси қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон ба роҳ монанд. Дар фарҷоми мулоқот Протоколи ҳамкорӣ миёни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Хадамоти геологии ИМА ба имзо расид.

Июнь 12, 2013 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш