Ҳисор: авҷи бунёдкориҳо
Ҳисор, 25 июл. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Ширкати теъдоди хеле зиёди хабарнигорон имкон дод, ки нишасти матбуотӣ дар ноҳияи Ҳисор пурмуҳтаво ҷараён гирад. Раиси ноҳияи Ҳисор Усмон Сабзов дар бораи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар ним соли аввал маълумоти мухтасар дод. Сипас раиси ноҳия ва дигар масъулини мақомоти иҷроия ба суолҳои хеле зиёди хабарнигорон посух дода, дар бораи тадбирҳои андешидаи мақомот ва дигар сохторҳои қудратӣ ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта маълумоти муфассал доданд.Кишоварзони ноҳияи Ҳисор имсол ҳосили фаровони пилла, ғалла ва меваҷотро парвариш ва ҷамъоварӣ карданд. Аз ҷумла, боғпарварон имсол зиёда аз 200 тонна гелосро пешкаши харидорон намуданд.Алҳол корҳои омодагӣ ба ҷашни 3000- солагии Ҳисор дар тамоми ноҳия бо ҷушӯ хурӯш идома доранд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






