Баррасии Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар ҷумҳурӣ

Июль 5, 2013 17:29

Душанбе, 5 июл. (АМИТ «Ховар” Фарзонаи Давлат).- Имрӯз, 5-июл маҷлиси Комиссияи танзим ва ҳамоҳангсозӣ оид ба татбиқи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 баргузор гардид.  Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар дода гуфтанд, ки дар маҷлис 4 масъалаи марбут ба ташаккули заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва методии Барнома, ҳамчунин нақшаи маблағгузорӣ дар семоҳаи сеюми соли 2013-ум барои чорабиниҳои Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2013-2015 баррасӣ ва тасдиқ гардиданд. Гуфта мешавад, ин чорабиниҳо дар асоси таҷрибаи андӯхта ва меъёрҳои мавҷудаи байналмилалӣ бо мақсади таъмини шафофият ва самаранокии Барнома таҳия гардидаанд.

Июль 5, 2013 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш