Бонки ҷаҳонӣ дастрасӣ ба хизматрасонии тиббиро дастгирӣ мекунад

Июль 31, 2013 14:24

Душанбе, 31 июл.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Шӯрои роҳбарони Бонки ҷаҳонӣ имрӯз маблағи грантиро дар ҳаҷми 19,8 миллион долл.ИМА барои «Лоиҳаи такмилдиҳии хизматрасонии соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон», ки ба беҳтар намудани солимии модар ва кӯдак аз ҳисоби вусъатдиҳии фарогирӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии кӯмаки аввалии тиббию санитарӣ дар муассисаҳои тиббии деҳоти Тоҷикистон равона шудааст, 30 июл дар Вашингтон ба тасвиб расонид. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, лоиҳаи мазкур дар доираи гранти иборат аз 15 миллион долл.ИМА, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи байналмиллаии рушд (АБР) ва 4,8 миллион долл.ИМА аз ҳисоби Фонди мақсадноки мултидонорӣ оид ба таҷдиди натиҷаҳои саломатӣ пешниҳод шудааст, маблағгузорӣ мегардад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи иловагиро дар ҳаҷми 3,20 миллион долл.ИМА ба лоиҳа ҷудо намуд.Лоиҳа ба беҳсозии натиҷаҳои хизматрасонии кӯмаки аввалии тиббӣ дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ва Суғд тавассути амалӣ намудани тадбирҳои зерин равона шудааст: 1) таҷриба намудани истифодаи омилҳое, ки ба натиҷаи фаъолият дар муассисаҳои кӯмаки аввалии тиббию санитарӣ асос ёфтаанд, 2) омӯзонидани духтурон ва ҳамширагони кӯмаки аввалии тиббию санитарӣ, 3) барқарорсозӣ ва таҷдиди иншооти алоҳидаи кӯмаки аввалии тиббию санитарӣ ва таъмин намудани таҷҳизоти асосии тиббӣ ва, 4) баланд бардоштани иқтидор дар сатҳи марказӣ, минтақавӣ ва ноҳиявӣ бо мақсади идора ва татбиқи нақшаи маблағгузорӣ дар асоси натиҷаҳои фаъолият.Лоиҳаи пешниҳодшуда дар ҳашт ноҳияи Тоҷикистон бо фарогирии 1млн. 860ҳазор нафар, ки тақрибан 25 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳад, амалӣ хоҳад шуд. Аз соли 2000 инҷониб Бонки ҷаҳонӣ Ҳукумати Тоҷикистонро дар таҳкими соҳаи тандурустии кишвар тавассути барномаҳое, ки ба ҷорӣ намудан ва татбиқи ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ мусоидат менамоянд, аз ҷумла маблағгузории сарикасии кӯмаки аввалии санитарию тиббӣ, таҳкими иқтидори кормандони соҳаи тиб ва барқарорсозии инфрасохтор дастгирӣ менамояд.

Июль 31, 2013 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд