Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон Душанбе, 11 июл. (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳри Қарочии Покистон сардори Хадамоти амнияти Президенти кишвар Билол Шайх бо 2 тан аз ҳамроҳонаш қурбони як амали террористӣ гардиданд. Тавре ки расонаҳои хабарии кишвар мегӯянд, Президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ин амали террористиро сахт маҳкум намудааст. Бояд гуфт, ки маргталаб таҷҳизоти таркандаро ҳамроҳи худ дар шафати бинои қароргоҳи Ҳизби ҳокими мардумӣ мунфаҷир кардааст. Дар пайи ҳодиса чанд нафари дигар низ захмӣ шудаанд. Гуфта мешавад, номбурда соли гузашта низ аз як амали сӯиқасд ҷон ба саломат бурда буд. Ҳоло бошад, дар маҳалли ҳодиса амният пурзӯр гардида, то кунун масъулияти ҳамларо касе ё гуруҳе ба уҳда намегирад. Сӯхтор дар Федератсияи РусияТавре ки дар торномаи интернетии www.Russian ToDay навишта шудааст, то ҳол дар минтақаҳои гуногуни Федератсия Русия сӯхтори ҷангалзор идома дорад. Ин навбат сӯхтор минтақаи Чукоткаи Русияро фаро гирифта, оташ дар масоҳати 500 гектар замин аланга мезанад. Барои хомӯш намудани алангаи оташ 22 нафар бо истифода аз техникаҳои пуриқтидор ва чархболҳо талош мекунанд. Оташсӯзӣ ҳамчунин дар Ҷумҳурии Ёқутистон ва кишвари Камчатка низ ба назар мерасад. Аз мавсими сӯхторҳо то инҷониб дар Шарқи Дур 888 сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки 419 ҳазору 896, 4 гектарро фаро мегирад. Садамаи нақлиётӣ дар Перу Дирӯз дар қаламрави Перу боз як садамаи мудҳиши наклиётӣ ба қайд гирифта шуд. Аз рӯи маълумоти расида дар пайи садамаи навбатӣ 16 нафар ба ҳалокат расида, 15 каси дигар захмӣ шудаанд. Ба иттилои расида ҳодиса дар шаҳри Уанкавелика ба амал омадааст. Автобуси мусофирбар ба нақлиёти дигар бархӯрда, аз баландии 400 метр ба дара сарозер шудааст. Мақомоти дахлдор то ҳол сабаби ба амал омадани садамаро муайян накардаанд. Аз рӯи маълумоти оморӣ ҳамасола дар роҳҳои Перу бар асари садамаҳои нақлиётӣ 3 ҳазор нафар ҳалок ва 50 ҳазор тани дигар захмӣ мешаванд. Фоидаи «Эйпл – дар се моҳ 1,16 миллиард евро»Чунончи расонаҳои хабарии Аврупо мегӯянд, ширкати амрикоии «Эйпл» солгарди ба фурӯш баровардани барномаи «Ай Тюнс»-и худро қайд кард. Гуфта мешавад, 10-уми июли соли 2008-ум ширкати амрикоии «Эйпл» дар онлайн супер-маркети худ — барномаи «АйТюнс» — ро ба фурӯш бароварда буд. Тавассути ин барнома муштариён имконият пайдо намуданд, ки аз филм, мусиқӣ, бозӣ ва дигар имкониятҳои Интернет фаровон истифода кунанд. Тибқи маълумоти омор дар семоҳаи якуми соли равон ширкати «Эйпл» 1,16 миллиард евро фоидаи соф ба даст овардааст.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






