Чаро қарзҳои ипотекӣ фаъол нестанд?
Душанбе, 18 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Арзиши 1 метри мураббаъ манзил дар иморатҳои навсохти Душанбе аз $512 то $1600 аст, мегӯяд Абдувалӣ Комилов –раиси Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ. Мавсуф зикр кард, ки нархи манзил инчунин вобаста аст ба маҳалли ҷойгиршавӣ ва шароитҳои хизматрасонии муҳандисию коммуналӣ ва дигар имконоти бино. $1600 нархи 1 метри мураббаъ манзил дар шаҳрчаи навбунёди «Диёри Душанбе» будааст, ки он аз ҷониби ширкати қатарии «Диёри Қатар» сохта мешавад ва асосан муштариёни манзилҳои «Диёри Душанбе» табақаи сарватмандон арзёбӣ мегардад. Дар мавриди оне, ки оё шаҳрвандон имкон доранд тавассути қарзҳои ипотекӣ соҳиби манзил гарданд, роҳбари Агентии сохтмон ва меъмории кишвар афзуд, ки дар Тоҷикистон аз сӯи Парлумон «Қонун дар бораи ипотека» қабул шудааст, аммо мутаасифона он фаъол нест. Сабабаш ин аст, ки фоизҳои бонкҳо дар мо баланд буда, ҳеҷ кас наметавонад бо 24 % ва 36% қарз гирад. Ипотека метавонад дар он сурат фаъолият намояд, ки фоизи солонаи қарз 5- 6 %-ро ташкил диҳад. Ин дар ҳолест, ки бино ба гузориши иқтисодшиносони Бонки ҷаҳонӣ, ки дар асоси тавлиди нохолиси дохилии кишварҳои Осиёи Марказӣ хулосабарорӣ намудаанд, даромади солонаи як шаҳрванди Қазоқистон $10 ҳазор ва ин омор дар Тоҷикистон поён аз $1000-ро ташкил медиҳад. Ҳамзамон роҳбари ниҳоди масъул ба сохтмон ва меъмории кишвар афзуд, ки дар Душанбе Корхонаи воҳиди давлатии «Сохтмони манзили дастрас» фаъолият дорад. Ин корхона асосан дар маҳалҳои аз маркази шаҳр дур манзил бунёд менамояд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






