Чораҷӯӣ баҳри риояи талаботи қонуни танзим
Кӯлоб, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Фарҳод Мадаминов).-Бо мақсади иҷрои риояи талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» комиссияи доимии назди ҳукумати шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо коршиносон, мақомоти ҳифзи ҳукуқ дар ҷамоатҳо ва ноҳияи Кӯлоб бо сокинон, фаъолон ва намояндагони дин барои корҳои фаҳмондадиҳӣ семинар гузаронид. Дар семинар перомуни вохӯрии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ходимони дин ва фаъолони ҷумҳурӣ дар бораи танзими расму оин гуфтугӯи ошкоро сурат гирифт. Дар робита ба ин комисияи муштараки ҳукумат ҷиҳати назорати танзими маросим 4 маротиба рейд гузаронид ва қонуншиканиҳоро ошкор намуд. Қонуншиканон мувофиқи талаботи моддаи 474 – и Кодекси ҳуқуқвайронкуниии маъмурӣ ба андозаи 7 ҳадди аққал -280 сомонӣ ҷарима шуданд. Инчунин аз тарафи комиссияҳои доимӣ ду қонуншиканӣ ошкор гардида, шахсони гунаҳгор бо моддаи 481 – и Кодекси ҳуқуқвайронкуни маъмурӣ аз 2 то 4 ҳазор маблағ ҷарима шуданд. Дар айни замон комиссия ҷиҳати пешгирии қонуншиканиҳо тадбирҳои мушаххас андешида истодааст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






