Инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ
Душанбе, 25 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- Дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва тибқи нақшаи фаъолияти ҲХДТ бо мақсади таҳлил ва муайян намудани омилҳои маънавию ғоявӣ ва вобастагии рушди ҳаёти ҷомеа дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ 25 июли соли 2013 бо ибтикори дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ дар толори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар мавзўи «Инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ” бо ҷалби васеи фаъолони ҳизбӣ, олимон, коршиносон, ходимони дин ва намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» конфронси илмию амалӣ доир гардид.Дар конфронс муовини якуми Раиси ҳизб Сафар Сафаров вобаста ба ҷойгоҳи равияҳои сиёсӣ ва мафкуравӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеа, инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ ва ташаккули тафаккури шаҳрвандон дар равандҳои сиёсӣ ибрози ақида намуд. Дар конфронс бо маърўзаҳои илмӣ номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров оид ба нақши гуногунандешӣ ва равияҳои гуногуни мафкуравӣ дар таҳкими истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, коршиноси Маркази таблиғот ва таҳлилии дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Аброр Мирсаидов оид ба фаъолияти идеологӣ, моҳият ва вазифаҳои он дар замони муосир ва дигарон , сухан гуфтанд. Иштирокчиёни конфронс зикр намуданд, ки бояд тамоми қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар атрофи ғояи пешниҳоднамудаи Сарвари давлат- «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол — Ватани маҳбуби ҳамаи мо» муттаҳид гардида, ҷиҳати ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеа саҳмгузор бошанд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






