Кӯмаки «Тоҷиксуғурта» ба беш аз 7 ҳазор ашхос

Июль 16, 2013 14:45

Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар» Зарангез Латифова).- Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксугурта» 603 ҳазору 700 адад шартномаҳои суғуртавӣ баста шуд, ки аз ин 162 ҳазору 800-тоаш шартномаҳо аз рӯи суғуртаҳои ҳатмӣ ва 440 ҳазору 900-тоаш шартномаҳо аз рӯи суғуртаи ихтиёрӣ мебошанд. Дар ин бора Абдулло Абдуллоев, муовини аввали директори генералии КВД «Тоҷиксугурта» имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.  Вай афзуд, ки Корхонаи воҳиди давлатии «Точиксугурта» дар нимаи аввали соли равон ба 7 ҳазору 316 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки ба молу амвол ва саломатиашон осеб расидааст ба маблағи 6 миллиону 107 ҳазору 500 сомонӣ кӯмак расонид.

Июль 16, 2013 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш