Китоби М. Суруш дар бораи нахустин журналистзани тоҷик
Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Китоби нави нависанда ва публисисти маъруфи тоҷик Мансур Суруш бо номи «Қиссаи бонуи соҳибқалам» дар нашриёти «Адиб» бо забонҳои тоҷикиву русӣ ва узбекӣ ба нашр расид. Дар ин китоб зиндагиву фаъолияти нахустин бонуи рӯзноманигори тоҷик – Кибриё Қаҳҳорова муфассалу фарогир оварда шуда, муаллиф кӯшидааст ба тамоми паҳлуҳои ҳаёти ӯ таваҷҷуҳ намояд. Мансур Суруш дар китоби «Қиссаи бонуи соҳибқалам» овардааст, ки Кибриё Қаҳҳорова 4-уми апрели соли 1914 дар шаҳри Самарқанд, дар оилаи шахси фозил Лутфулло Махсум таваллуд шуда, аз соли 1932-ум то соли 1938-ум дар шуъбаи самарқандии Нашриёти давлатии Тоҷикистон зери назари нависанда ва донишманди бузург Садриддин Айнӣ кор кардааст. Баъдан бо маслиҳати устод Айнӣ соли 1938-ум ба факултети шарқшиносии донишгоҳи Ленинград дохил мешавад ва то соли 1941-ум дар ин боргоҳ таҳсил мекунад. Кибриё Қаҳҳорова пас аз таҳсил зиндагиро дар Душанбе ихтиёр карда, фаъолияташро дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон оғоз менамояд ва муддате чун ёвари котиби Кумитаи Марказии Комсомол оид ба тарғибу ташвиқ кор карда, баъдан дар рӯзномаи «Фрунзечӣ» дар шаҳри Тошкент ба фаъолият мепардозад. Китоби «Қиссаи бонуи соҳибқалам»-и нависанда Мансур Суруш дар бораи ҳаёту фаъолияти нахустин рӯзнманигорзани тоҷик—Кибриё Қаҳҳорова барои муҳаққиқони соҳаи журналистикаи тоҷик ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






