«Корвони саломатӣ» ба Бадахшон рафт
Душанбе, 18 июл (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Дирӯз «Корвони саломатӣ»-и Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари навбатии худро ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон оғоз кард. Дар ҳайати ин корвон беш аз 70 нафар мутахассисони баландпояи тиб, аз ҷумлаи устодону профессорони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон ва табибони варзида аз сармуассисаҳои соҳа шомиланд.Тавре ки аз Вазорати тандурустӣ иттилоъ доданд, дар доираи чорабинии мазкур, ҷиҳати пешгирии беморшавӣ дар байни аҳолӣ аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногуни тиб машварат ва ташхиси набзу фишор, сабти барқии дил, муайян намудани миқдори қанд дар хун, муоинаи чашм, ташхиси флюорографӣ, маслиҳату машварати мутахассисон дар тамоми самтҳои солимии аҳолӣ ва амалиётҳои ҷарроҳӣ анҷом дода мешаванд. Ба гуфти манбаъ «Корвони саломатӣ» дар 3 самт — дар самти аввал ба мардуми ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва Рӯшон, самти дуюм — ба мардуми ноҳияҳои Ишкошиму Роштқалъа ва самти сеюм — ба мардуми ноҳияи баландкуҳи Мурғоб хизмат мерасонад. Дар ҳайати корвон табибони бемориҳои тарбодӣ, кӯдакона, занона, табибони дилшинос, силшинос, асабшинос, гӯшу гулӯ ва бинӣ, табибони бемориҳои дарунӣ ҳузур доранд. Бояд гуфт, ки ҳамарӯза аз субҳи барвақт табибон ташхиси дастурию методӣ, маслиҳат ва ташхисҳои мухталифро ба мардум ройгон пешниҳод мекунанд. Ҳамчунин дар назар аст, ки дар доираи ин чорабинӣ якчанд намуди ҷарроҳиҳо низ анҷом дода шавад. Мутахассисон бо худ таҷҳизоти ташхиси ултрасадо, сабти барқии дил, доплер, гастроскоп, таҷҳизоти офталмологӣ ва гӯшу гулӯю биниро ба Бадахшон овардаанд. Як мошини сайёри флюорографӣ низ дар ин рӯзҳо ба аҳолӣ хизмат мерасонад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






