М. Асрорӣ аз нақши Э. Раҳмон дар рушди фарҳанг

Июль 9, 2013 17:38

Душанбе, 9 июл. (АМИТ «Ховар»).- Дар ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ, кормандони вазорат, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Роҳбари ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг» Мирзошоҳрух Асрорӣ доир ба амалишавии ҳадафҳои барномавии ҲХДТ, нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушду инкишофи фарҳангу маданияти кишвар, саҳми пайвастаи аъзоёни ҳизб дар чорабиниҳои фарҳангӣ ибрози андеша намуда, ба шаш нафар аъзои нав билетҳои ҳизбӣ супорид. Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Шамшеров К.Ч. бо қаноатмандӣ зикр намуд, ки фарҳангиён муаррифгари миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошанд ва баҳри саҳмгузорӣ дар ҳаёти фарҳангии кишвар, татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ чор нафар фаъолони ҳизб Абдуҷабборов Абдуғаффор, Назиршо Нуралиев, Ибодулло Исмонов ва Манзура Мирзоеваро бо Ифтихорномаи КИ ҲХДТ сарфароз гардонид.

Июль 9, 2013 17:38

Хабарҳои дигари ин бахш