Озмуни расмкашӣ дар лагерҳои тобистона

Июль 17, 2013 11:27

Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бо дастгирии намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон дар лагерҳои тобистонаи ҷумҳурӣ як қатор озмуни расмкашӣ дар қоғаз ва рӯи асфалт таҳти унвони «Об барои ҳаёт» доир мекунад. Озмуни мазкур ба Форуми об, ки дар ояндаи наздик дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад бахшида шудааст. Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ирина Каримова дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки расмҳои беҳтарин дар чорабиниҳои бахшида ба форум истифода мешаванд. Нахустин озмун 15 июл дар лагери «Чайка», воқеъ дар дараи Варзоб баргузор гардид. 19 июл бо иштироки кӯдакони имконияташон маҳдуд дар дараи Ромит, дар лагери «Афсонаи куҳсор» («Горная сказка») ба нақша гирифта шудааст ва расмҳои беҳтарини озмун дар Форуми Осиёи Марказӣ, ки аз 1 то 3 август дар Душанбе баргузор мегардад, ба номоиш гузошта мешаванд.

Июль 17, 2013 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш