«Рӯзи саломатӣ» дар шаҳри Хоруғ
Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Дар доираи сафари «Корвони саломатӣ»-и Вазорати тандурустӣ ба ВМКБ бо иштироки васеи шаҳрвандони шаҳри Хоруғ ва сокинони ноҳияҳои атрофи он дар мавзеи Чорбоғи шаҳри Хоруғ «Рӯзи саломатӣ» баргузор гардид.Дар чорабинӣ вазири тандурустии кишвар Нусратулло Салимов ва раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Қодири Қосим, намояндагони шарикони байналмилалӣ – Роҳбари дафтари ТУТ дар Тоҷикистон Павел Урсу, намояндагони Хазинаи глобалӣ, Хазинаи Оғохон ширкат намуда, бо шаҳрвандон суҳбат карданд. Дар доираи чорабинӣ тӯли ду рӯз дар Маркази вилоятии бемориҳои чашм дар шаҳри Хоруғ беш аз 20 амалиёти ҷарроҳии чашм гузаронида ва дар беморхонаи вилоятӣ 4 ҷарроҳии мураккаби батнӣ (абдоминалӣ) бо роҳбарии профессор Саидилҳом Аҳмадов ва бо ҳамдастии табибони маҳаллӣ бомуваффақият анҷом дода шуд. Инчунин роҳбарони масъули Вазорати тандурустӣ, дафтари ТУТ дар Тоҷикистон, Хазинаи Оғохон дар доираи ин чорабинӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Беморхонаи вилоятии бемориҳои сил дар шаҳри Хоруғ, маркази вилоятии ташхиси тиббию судӣ дидан карданд. Ҳамчунин гуруҳи мазкур бо фаъолияти Маркази вилоятии таълимию клиникии тибби оилавӣ, дармонгоҳи № 1-и шаҳри Хоруғ боздид ба амал оварда, нақшаҳои минбаъдаи беҳтаргардонии сифати хизматрасониҳои тиббиро дар вилоят мавриди баррасӣ қарор доданд. Бояд зикр намуд, ки «Корвони саломатӣ» дар ВМКБ дирӯз ба анҷом расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ хабар доданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






