С. Тағоева: «Шумораи зиёди бекор шудани ақди никоҳ ба оилаҳои ҷавон рост меояд»
Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Тибқи маълумотҳои омории Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 42151 никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 – 29 адад кам мебошад. Чуноне ки имрӯз дар нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағоева ба хабарнигорон иттилоъ дод, дар шашмоҳаи соли 2013 4107 ҳолати бекоршавии ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 81 ҳолат зиёд мебошад. Инчунин ӯ зикр намуд, ки аз ин шумора мутаассифона, бештарашон оилаҳои ҷавон ҳастанд: «Як сабаби пошхӯрии оилаҳо-ин муҳоҷирати меҳнатии мардон мебошад, ки ба оила таъсири зиёд мерасонад. Ҷавонписарони мо ҷиҳати дарёфти маблағ барои нигоҳубини оилаи худ ба давлатҳои дигар мераванд ва мутаассифона, аз оилаҳои худ фаромӯш мекунанду аз нигоҳубини фарзандони худ даст мекашанд. Ин ҳолатҳо зиёданд ва аз ин рӯ пошхӯрии оилаҳои ҷавон бештар ба назар мерасад»,- афзуд С. Тағоева.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






