Семинари минтақавӣ дар Исломобод
Душанбе, 10 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Дар доираи «Барномаи минтақавии СММ оид ба тақвият бахшидани мубориза бо маводи нашъаовар дар ҶИА ва давлатҳои ҳамсоя барои солҳои 2011-2014» дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Покистон шаҳри Исломобод дар мавзӯи «Ҷамъоварӣ ва таҳлили ахбор нисбати истеъмолкунандагони маводи нашъаовар» семинари минтақавӣ баргузор гардид.Тавре ки аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар кори семинар кормандони хадамотҳои наркологӣ ва эпидемиологӣ, сохторҳои таҳлилии мақомоти салоҳиятдори давлатҳои Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Бангладеш, Малдова, Непал ва Шри-Ланка иштирок намуданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семинари мазкур нозири шуъбаи иттиллоотӣ-таҳлилии АНМН ва корманди Маркази клиникии ҷумҳуриявии наркологӣ ба номи М.Ғуломов ширкат варзиданд. Дар ин семинар оид ба табодули афкор ва таҷрибаи кории намояндагони давлатҳои минтақа доир ба гузаронидани таҳқиқот дар бахши истеъмоли маводи нашъаовар, пешниҳод намудани стандартҳои байналмилалӣ оид ба ҷамъоварии маълумоти истеъмоли маводи нашъаовар, такмилдиҳии воситаҳо ва асбобҳои мавҷуда барои гузаронидани муоинаҳои шахсони истеъмолкунандаи маводи нашъаовар, ошкор намудани камбудиҳо дар донишҳои омӯхта ва банақшагирии қадамҳои оянда муҳокима гардиданд. «Аз ҷониби намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиёни семинар муаррифиномаи вазъи наркологӣ дар ҷумҳурӣ ва Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 пешниҳод карда шуд»- илова намуд манбаъ.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






