Таҷдиди роҳи нақлиётгарди Душанбе-Чаноқ
Душанбе, 25 июл. (АМИТ «Ховар», Фотима Қувватова). – Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотии марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ шуда гузашт, ки дар он директори Маркази идоракунии лоиҳаи “Рушди деҳот” Ғоиб Давлатов, муовинон ва хабарнигорони ВАО иштирок доштанд.Дар нишасти мазкур оид ба таҷдиди роҳи нақлиётгарди Душанбе-Чаноқ ва татбиқи лоиҳаи мусоидат намудан дар рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии қисматҳои ҷанубу шимоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати таҷдид ва барқарор намудани роҳи Душанбе-Хуҷанд-Бӯстон-Чаноқ, нақби Шаҳристон, сохтмони долонҳои зидди тарма, кӯпрукҳо ва дигар иншооти ёрирасон суханронӣ шуд. Зикр шуд, ки арзиши умумии лоиҳаи роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ, ки бо сохтмони нақби “Шаҳристон” 295,9 млн.долл. ИМА-ро ташкил медод, мувофиқи санадҳои тасдиқшудаи лоиҳавию нархномавӣ иншоот ба маблағи 216 млн. 100 ҳазор доллари ИМА ба истифода дода шудаанд. Ягона иншооте, ки дар доираи татбиқи лоиҳа боқӣ монда буд ва корҳои сохтмонӣ дар он ба анҷом расонида шудаанд, ин нақби “Шаҳристон” мебошад. Дарозии нақби автомобилгарди он 5253 метр ва ҳаводиҳанда 5289 метр буда, арзиши он 88 млн. 424 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






