Талабот ба рассомон ва дизайнерҳо меафзояд
Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Имрӯз дар нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ дар назди намояндагони ахбори омма оид ба фаъолияти вазорат дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ гузориш дод. Аз ҷумла вазир зикр намуд, ки дар бахши илм ва муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг 14 ҳазору 500 донишҷӯ ва хонанда таҳсил намуда, ба онҳо 2,5 ҳазор устодони соҳаи фарҳанг ва санъат таълим медиҳанд. Дар тобеияти вазорат 3 мактаби олӣ, 6 коллеҷи фарҳанг ва санъат, 2 мактаб-интернати махсуси соҳаи мусиқӣ ва санъат амал мекунад. Мирзошоҳрух Асрорӣ зикр намуд, ки яке аз ин донишкадаҳои олӣ Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон аст, ки навтаъсис буда, зарурат ба чунин донишкада афзудани талабот ба рассомон ва дизайнерҳо мебошад. Инчунин дар нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки тибқи иҷрои «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-20015» аз 25 май то 28 июн сафари «Корвони китоб»ба тамоми минтақаи ҷумҳурӣ анҷом ёфта, тавассути он намоиш ва фурӯши китобҳо ташкил шуд, ки фонди китобхонаҳои ҷумҳурӣ бо 20 ҳазору 958 нусха адабиёти соҳаи гуногун ба маблағи беш аз 165 ҳазор сомонӣ мукаммал гардид.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






