Таъмини аҳолии Чашмасор бо оби тозаи нӯшокӣ

Июль 25, 2013 15:16

Душанбе, 25 июл. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Дар самти татбиқи қисмати «Рушди инфрасохтори маҳал», ки яке аз қисмҳои асосии лоиҳаи Маркази идоракунии лоиҳаи «Рушди деҳот» ба шумор меравад, корҳо мувофиқи нақша идома доранд,- гуфт зимни нишасти хабарӣ директори Маркази идоракунии лоиҳаи «Рушди деҳот» Ғоиб Давлатов. Дар ин давра зерлоиҳаи «Сохтмони хати оби нӯшокӣ»-и деҳаи Тахти Алифи ҷамоати Чашмасори ноҳияи Файзобод мавриди истифодаи аҳолӣ қарор дода шуд. Баробари ба истифода додани хати оби нӯшокӣ зиёда аз 1300 нафар истиқоматкунандагони деҳа бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин шуданд. Барқарор намудани канали байнихоҷагии деҳаи Навободи ҷамоати ба номи Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат бо сифати баланд ба анҷом расидаву он имрӯз фаъолияти пурсамар дорад. Аз оби ин канал зиёда аз 120 хоҷагии деҳқонӣ истифода мебарад. Аз ҷумла, аз ҷониби лоиҳа то ин муддат барқарор ва мустаҳкам намудани пулҳо, кӯпрукҳои мошингард дар як қатор деҳот ба анҷом расида истодаанд,-таъкид намуд Ғ.Давлатов.Зикр кардан бамаврид аст, ки мақсади лоиҳаи Маркази идоракунии Лоиҳаи «Рушди деҳот» ин дастгирии соҳаи кишоварзӣ, афзун намудани истеҳсолоти кишоварзӣ, тақвияти инфрасохтори маҳал ва дар ин замина беҳтар намудани сатҳи зиндагонии аҳолии деҳот ,ривоҷи соҳибкорӣ ва тиҷорати кишоварзӣ мебошад.

Июль 25, 2013 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш