Тарабхонаи соҳибкори тоҷик дар Маскав
Душанбе, 2 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар минтақаи Видноеи вилояти Маскави Русия меҳмонсарои «Сино» дари худро барои муштариён боз намуд, ки муассиси он соҳибкори шинохтаи тоҷик Абдуқодир Ҷабборов аст. Дар маросими ифтитоҳи меҳмонсарои «Сино» Абдумаҷид Достиев-сафири Тоҷикистон дар Русия, намояндагони сохторхои ҳукумати маҳаллӣ ва тоҷикони муқими шаҳру вилояти Маскав ширкат намуда, ба фаъолият шуруъ кардани меҳмонсарои «Сино»-ро падидаи нек дар равобити ду кишвар арзёбӣ карданд. Абдумаҷид Достиев доир ба ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Русия ибрози назар намуда, гуфт, ки мардумони ҳар ду кишвар дорои таърихи ҳамзистии қариб 70-сола доранд. Владимир Бодрягин -намояндаи ҳукумати маҳаллии Видноеи вилояти Маскав икдоми соҳибкори тоҷикро шоистаи дастгирӣ маънидод намуда, гуфт, ин меҳмонсаро ва тарабхонаи «Сино» метавонад дар Видное василаи беҳтарини муаррифии фарҳанги меҳмоннавозӣ ва дастархонороии тоҷикон гардад. Саттор Ҳалимов- сарвари меҳмонсарои тоҷикӣ дар вилояти Маскав мегӯяд, ба меҳмонсаро гузоштани номи «Сино» беасос нест. Зеро номҳои бузургони миллати тоҷик шуҳраи ҷаҳонӣ доштаву «корти муаррифии миллат» гардидаанд. Меҳмонсарои «Сино» дорои тарабхона буда, дар он сарошпази тоҷик Икромиддин Шарипов таомҳои гуногуни тоҷикиро омода намуда, пешкаши муштариён мегардонад. Бо оғози фаъолияти меҳмонсарои «Сино» иддае аз ҳамватанони мо ва бархе аз сокинони маҳаллии вилояти Маскав соҳиби ҷои кор мегарданд Аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар радифи ифтитоҳи меҳмонсаро, хамчунин китоби муассиси маҷмааи меҳмонсароҳои «Сино» дар Тоҷикистону вилояти Маскав Абдуқодир Ҷабборов таҳти унвони «Равзаи саодат» муаррифӣ гардид. «Равзаи саодат» дар нашриёти «Ношир»-и Хуҷанд чоп гардида, дар он асарҳои публисистӣ ва мақолаву мусоҳибаҳои муаллиф гирдоварӣ шудаанд. Маросими ифтитоҳи меҳмонсарои «Сино»-ро дастагули мусиқии ҳунармандони тоҷик шукуҳманд намуд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






