Усули биологӣ- ҳифзкунандаи муҳити зист
Восеъ, 27 июл. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Таҷрибаи ҷаҳонии хоҷагидорӣ нишон дод, ки кӯшишҳои паст кардани сатҳи зиёноварии организмҳо ба истифодаи яккарата ва бисёркаратаи воситаҳои химиявӣ натичахои дилхоҳ надода, баръакс як қатор паёмадҳои манфӣ ба бор овард. Аз ин рӯ дар Тоҷикистон дигарбора аз усули биологӣ, хусусан ҳашароти фоидаовар истифода бурда мешавад. Бо мақсади дастгирии кишоварзон дар ноҳияи Восеъ ташкилоти ҷамъиятии «Дурандеш» лабараторияи биологӣ ташкил намудааст, ки дар он мутахассисони соҳа намудҳои гуногуни ҳашароти фоидаоварро парвариш мекунанд. Ҳашароти фоидаовар, ки бар зидди ҳашароти зараррасон пешбинӣ шудааст, дар заминҳои кишти пахта ва дигар махсулоти кишоварзӣ истифода мешаванд. Мутахассисон вобаста ба пайдоиши ҳашароти зараррасон дар заминҳои кишоварзӣ миқдори муайяни ҳашароти фоидаоварро мегузоранд ва ба деҳқонон тарзи гузоштани ҳашаротро меомӯзанд. Бояд зикр намуд, ки дар соли 2009 фақат 20 хоҷагихои деҳқонӣ ва инфиродӣ барои истифодаи усули биологӣ бо ҳашароти фоидаовар бо ташкилоти «Дурандеш» ҳамкорӣ кардаанд ва дар соли 2012-2013 шумораи хоҷагиҳо ба сад адад расида, майдони 600 гектар коркард шудааст. Бартарии дигари усули биологӣ дар он аст, ки ба муҳити зист зарар намерасонад ва ба пастравии пайдоиши бемориҳои сироятӣ дар байни аҳолӣ низ мусоидат мекунад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






