Ҳадаф-ҳифзи сиҳатии мардум
Душанбе, 3 август.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Бо мақсади таъмини ҳифзи саломатии шаҳрвандон дар ҳудуди шаҳри Роғун Беморхонаи марказии шаҳрӣ бо 175 кат, 2 Маркази саломатии шаҳрӣ бо 480 қабул дар як баст, 2 Маркази саломатии деҳот, 11 бунггоҳи саломатӣ, Маркази саломатии сохтмончиён, Маркази зидди бемориҳои сил, Маркази назорати санитариву эпидемиологӣ, 2 шуъбаи ёрии таъҷилӣ, дорухонаи марказӣ, Маркази солимии репродуктивӣ, Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази эмтаъминкунӣ, Маркази мубориза алайҳи СПИД, ҳуҷраи боварӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва ғайра ба аҳолӣ хизмат мерасонад. Аз тарафи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр дар ин давра 1765 бемории сирояткунанда ба қайд гирифта шудааст, аз ҷумла миёни наврасони то 14- сола 1358 нафар гирифторони ин беморӣ ба қайд грифта шудаанд.Инчунин дар ин давра 452 назорати санитарӣ дар муассисаҳо ва корхонаю ташкилотҳо гузаронида шудааст.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






