1539 ҷойи нави корӣ дар шаш моҳ
Душанбе, 5 август. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар ноҳияи Фархор дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби шуъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳия дар маркази ноҳия 6 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуд, ки дар натиҷа 241 шаҳрванд ба ҷои кори доимӣ таъмин гардид. Ба гуфти раиси ноҳия Қурбонбой Каримов ба 13 нафар шаҳрванди бекор, аз ҷумла 5 нафар заноне, ки хоҳиши ба соҳибкорӣ машғул шуданро доштанд, қарзи бефоиз дода шуд. Аз тарафи агентӣ дар ин давра 1539 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 адад зиёд мебошад. Дар ин давра ба 116 нафар кӯмакпулӣ таъйин карда шуда, 116 нафари дигар ба курсҳои бозомӯзии касбҳои гуногун фаро гирифта шуданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






