Асосгузори Пажуҳишгоҳи гастроэнторология даргузашт
Душанбе, 26 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Донишманди шинохтаи тоҷик Ҳамид Мансуров дирӯз дар синни 88- солагӣ бар асари беморӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. Академик Ҳамид Мансуров соли 1925 таваллуд ёфта, мактаби миёна ва Донишгоҳи тиббиро дар шаҳри Самарқанд хатм намудааст. Солҳои 1947- 1950 аспиранти Академияи илмҳои тиббии Иттиҳоди Шӯравӣ будааст. Баъди ҳимояи рисолаи номзадӣ фаъолияти кориро дар Донишгоҳи тиббии ба номи Абӯали ибни Синои Душанбе шуруъ намуда ва дар соли 1958 рисолаи докторӣ ҳимоя мекунад. Соли 1961 барандаи ҷоизаи ба номи Ленин мешавад. Соли 1962 Институти гастроэнторологияро таъсис ва роҳбарии онро бар уҳда мегирад. Академики тоҷик дар чандин конфронсу ҳамоишҳои байналмилалӣ дар кишварҳои хориҷӣ назири Амрикову, Британияи Кабир, Маҷористон, Булғористон, Лаҳистон, Олмон, Русия ва дигар давлатҳо ширкат ва маърӯза намудааст. Донишманди шинохтаи тоҷик соли 1981 барои саҳми бузургаш дар рушди илми тиб барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Сино мегардад. Соли 1976 узви вобаста ва соли 1978 академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мешавад. Осори илмии олими тавоно бо забонҳои гуногуни халқҳои дунё чоп шудааст. Академик Ҳамид Мансуров раиси ифтихории Пажуҳишгоҳи гастроэнторологии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар тӯли умри пурбаракати худ дар дар рушди илми тибби Тоҷикистон саҳми шоиста гузошта, аз худ 700 кори илмӣ ва 12 китоб ба ёдгор мондааст. Интизор меравад, ки имрӯз дар бинои Пажуҳишгоҳи гастроэнторологияи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ маросими видоъ бо академик Ҳамид Мансуров баргузор хоҳад шуд ва ҷасади олими тавонои тоҷик дар оромгоҳи Лучоб ба хок супорида мешавад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






