Баррасии масоили таҳкими амният дар дидори Э. Раҳмон ва Н. Бордюжа

Август 28, 2013 08:39

Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа, ки нимаи дуюми рӯзи 27-уми август ҷараён гирифт, як силсила масоили марбут ба амнияту суботи дохиливу минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Николай Бордюжа дар ҳузури намояндагони ВАО иттилоъ дод, ки коршиносони узви СААД аз инфрасохтор ва вазъи амнияти сарҳади давлатии миёни Тоҷикистону Афғонистон дидан намуданд ва масоили марбут ба таҳкими амнияти ин сарҳад дар Шӯрои амнияти дастаҷамъии ин созмон, ки 23-юми сентябри соли равон дар шаҳри Сочи баргузор мешавад, муҳокима хоҳад шуд. Ҳамчунин Николай Бордюжа гуфт, ки дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои амнияту истиқрор дар Афғонистонро низ муҳокима кардаанд.

Август 28, 2013 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш