Дар Душанбе қонунгузории андоз матраҳ мегардад

Август 14, 2013 10:21

Душанбе, 14 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Қонунгузории андоз: инкишоф ва проблемаҳои он», таҳти чунин унвон Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳаи сеюми моҳи август дар Душанбе нишаст баргузор менамояд.  Интизор меравад, ки дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳо, мутахассисони соҳа ва созмонҳои ҷамъиятӣ иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба қонунгузории андозро матраҳ созанд. Хусусан масоили марбут ба рушди қонунгузории андоз, мушкилоти андозбандии соҳибкорони хурду миёна, таносуби Кодекси андоз бо қонунгузории амалкунанда ва соири масоил баррасӣ хоҳад гашт.

Август 14, 2013 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш