Душанбе-1 барандаи Ҷоми Ғуломҳайдаров гардид
Душанбе, 22 август.(АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова)- Дастаи наврасони Душанбе-1 барандаи Ҷоми Владимир Ғуломҳайдаров дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол миёни наврасон гардид.Дар ин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ки бори аввал барои ҷоизаи Мураббии шоистаи Тоҷикистон Владимир Ғуломҳайдаров баргузор мешавад, футболбозони солҳои таваллудашон 2000-2001 иштирок карданд. Дар мусобиқаи мазкур, ки дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии пойтахт баргузор шуд, ҳашт даста дар ду гуруҳ рақобат намуданд. Аз ҳар ду гуруҳ ду дастаи беҳтарин ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд. Дар даври ниҳоӣ, ки дирӯз баргузор шуд, дастаи Душанбе-1 бо дастаи Суғд рақобат карда, бо ҳисоби 5 бар 2 пирӯз шуд ва барандаи Ҷоми мазкур гардид.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






