Машварати корӣ дар ҳузури Сарвазир
Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар»).-Имрўз дар ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов оид ба вусъати сохтмони Маркази барқу гармидиҳии 2 дар шаҳри Душанбе машварати корӣ баргузор шуд. Тавре ки таъкид шуд, сохтмони ин иншооти зарурӣ дар айни замон мувофиқи нақша идома дошта, қарор аст навбати аввали он бо иқтидори 50 мегаватт тирамоҳи соли равон ба кор андохта шавад.Оқил Оқилов роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва масъулони соҳаро вазифадор кард, ки барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ тадбирҳои аввалиндараҷа андешида, корҳои омодагиро барои сохтмони нуқтаҳои гармидиҳӣ, хаттҳои интиқоли гармӣ, зеристгоҳҳо ва дигар иншооти ёрирасони марказу барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе вусъат бахшанд. Дар машварат ҳамзамон масоили таъмин ва захираи ангиштсанг дар Маркази барқу гармидиҳии 2 ва дегхонаҳои шарқию ғарбии Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






