Мавқеи ягонаи Қирғизистон бо Тоҷикистон дар масоили об

Август 21, 2013 10:51

Душпнбе, 21 август. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Тавре ки сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Жанторо Сотиболдиев имрӯз пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, зимни ин мулоқот як силсила масоили марбут ба ҳамкориҳои мутақобилаи байни ду кишвар ва дурнамои рушди он мавриди таҳлил ва муҳокимаи ду ҷониб сурат гирифтааст. Сарвазири Қирғизистон гуфт: «Мо дар баробари баррасии ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар, инчунин дигар самтҳои равобити дуҷонибаро бо ҳусни тафоҳум муҳокима намудем ва умед аст, ки ҳамкориҳои босамари миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон минбаъд низ ба нафъи ҳар ду кишвар рушду густариш ёбанд».  Жанторо Сотиболдиев бо ёдоварӣ аз баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об дар шаҳри Душанбе иброз намуд, ки Қирғизистон ҳамеша дар масоили ҳамкорӣ дар соҳаи об, махсусан наҷоти Арал бо Тоҷикистон мавқеи ягона дошта, ҷиҳати тавсеи ин гуна ҳамкориҳо аз тамоми тадбирҳои лозимӣ кор мегирад.

Август 21, 2013 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш