Медали ЮНЕСКО барои Президенти Тоҷикистон
Душанбе, 21 август. (АМИТ «Ховар»). – 20 август директори генералии ЮНЕСКО Ирина Бокова ба ифтихори 60 –умин солгарди таъсисёбии ЮНЕСКО медали ин созмони ҷаҳониро ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супурд. Назар ба гуфтаи Ирина Бокова, дар ҷараёни мулоқот бо Президенти кишвар доираи васеи масоили марбут ба ҳамкории миёни Тоҷикистон ва ЮНЕСКО мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ирина Бокова ҳамчунин зикр намуд, ки медали ҷашнӣ ба нишони фаъолияти самараноки Эмомалӣ Раҳмон барои рушду густариши ҳамкорӣ дар ҳошияи Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар бахши об ва 20 – солагии ҳамкории Тоҷикистон ва ЮНЕСКО ба ӯ супурда шуд.Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо зикр намуданд, ки тайи 20 соли ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНЕСКО дар Тоҷикистон силсилаи лоиҳаҳои бахши илми маориф, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва ғайра дар амал татбиқ шуданд. Мусоҳибон ба феҳрасти Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудани шаҳраки қадимии Саразм, Боғи миллии «Кӯҳҳои Помир» — и Тоҷикистон ва иншоотҳои дигарро бо камоли хушнудӣ иброз доштанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






